Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008.
«Пандномаи Анӯшервон» аз осори ҷолибу мондагори пандиву ахлоқии ниёкони шакаргуфтори мост, ки номи нигорандаи равоншодаш алҳол номаълум буда, тақрибан дар асрҳои XI-XII офарида шудаааст.
Матни манзума, ки дар иттиқол ба навиштаҳои пандомӯзи гузаштагони дилсӯзамон иншо гардида, ахлоқи ҳамидаи инсониро ситойишу аъмоли ғализаро накуҳиш мекунад, соли 2005 интишор ёфта, дар муддати кӯтоҳе камёбу касмаёб гардид.
Ҳоло нашри дуввуми каме таҳриру такмилёфтаи он дар ихтиёри шумо, хонандагони азиз, гузошта мешавад, то чароғи раҳнамойи рӯзгору рафторатон бошад.